МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ИНТИШОРИ МАҚОЛАҲО
Ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» усулҳои ахлоқии нашри мақолаҳоро, ки аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфта шудаанд, риоя намуда, ҳамчунин таҷрибаи арзишманди маҷаллаҳо ва нашрияҳои бонуфузи байналмилалиро ба инобат мегирад.
Барои таъмини сифати баланди маводди нашршаванда ва эътирофи натиҷаҳои илмии муаллифон аз ҷониби ҷомеа ҳар як узви ҳайати таҳририя, муаллифон, муқарризон ва ношир вазифадоранд, ки меъёру қоидаҳои ахлоқиро риоя намуда, барои пешгирии вайронкунии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешанд. Риояи қоидаҳои ахлоқии интишори маводди илмӣ аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни ин раванд ба кафолати ҳуқуқи муаллифон ба моликияти зеҳнӣ, баланд бардоштани сифати нашр ва аз байн бурдани имкони суиистифода аз маводи муаллифӣ ба манфиати шахсони алоҳида мусоидат мекунад.
Принсипҳои этикаи касбӣ дар фаъолияти ношир
Ношир дар фаъолияти худ барои нашри мақолаҳои илмии муаллифон масъул буда, риояи принсипҳо ва тартиботи асосии зеринро бояд дар назар дошта бошад:
- Барои иҷрои уҳдадориҳои ахлоқӣ аз ҷониби кормандони маҷалла, ҳайати таҳририя, муаллифон ва муқарризон мусоидат карда мешавад.
- Махфияти иттилооти дастнависи муаллифон ва ҳама гуна маълумот то лаҳзаи ба нашр расидани он таъмин мегардад.
- Барои кормандони идораи маҷалла барои рад намудани маводди дорои плагиат ва иттилооти нодуруст шароит фароҳам оварда мешавад.
- Корманди масъули маҷалла ҳуқуқ дорад дастнависи мақоларо, ки дар он қоидаҳои таҳияи мақола риоя нашудааст, баргардонад ё аз муаллиф такмили онро талаб намояд.
- Муқарриз ба идораи маҷалла баҳодиҳии илман асосноки дастнависро бо тавсияҳои рад кардан, иловатан кор кардан ва ё интишори он бидуни ворид кардани тағйирот пешниҳод мекунад. Ба танқиди шахсияти муаллифи мақола роҳ додан манъ аст.
- Агар муқарриз салоҳияти худро доир ба мазмуни дастнавис нокифоя донад ва ё бо сабабҳои дигар ба он баҳои воқеӣ дода натавонад, бо мақсади тақризи мақола аз ҷониби мутахассиси дигар ба идораи маҷалла муроҷиат менамояд.
- Дар сурати барои чоп қабул шудан мақола дастраси умум мегардад ва ҳуқуқи муаллифӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.
- Маълумот дар бораи дастгирии молиявии таҳқиқот, агар муаллиф онро дар мақола пешниҳод карда бошад, нашр карда мешавад.
- Ба мазмуну муҳтавои дастнависҳо аз ҷониби ҳайати таҳририя новобаста аз мансубияти нажодӣ, миллӣ, динӣ, гендерӣ ё шаҳрвандӣ баҳои холисона дода мешавад.
- Ҳангоми ошкор шудани хатоҳои техникӣ ҳайати таҳририя уҳдадор мешавад, ки барои ислоҳи онҳо чораҷӯӣ намояд.
- Таҳриру ислоҳоти вироишии дар матн анҷомшуда бо муаллифон мувофиқа карда мешавад.
- Интишори шумораҳои маҷалла бе сабабҳои узрнок ба таъхир гузошта намешавад.
Принсипҳои ахлоқӣ барои муаллифони мақолаҳо
Муаллифон бо пешниҳоди мавод ба идораи маҷалла эътироф мекунанд, ки масъулияти асосӣ барои навгонӣ ва саҳеҳии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба дӯши онҳост ва риояи принсипҳои зерин зарур аст:
- Муаллифони мақола бояд натиҷаҳои воқеии таҳқиқоти анҷомшударо пешниҳод намоянд. Изҳоротҳои нодуруст ё ҷаълӣ қобили қабул нестанд.
- Муаллифон бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки натиҷаҳои таҳқиқот дар дастнависи пешниҳодшуда комилан аслӣ мебошанд. Иқтибосҳо бо зикри номи ҳатмии муаллиф ва сарчашмаи асосӣ бояд оварда шаванд. Иқтибосоварии барзиёд, плагиат дар ҳама шаклҳояш, аз ҷумла иқтибосҳои ишоранашуда, бознависӣ ва тасарруфи натиҷаҳои таҳқиқоти дигарон ғайриахлоқӣ ва ғайри қобили қабул аст. Мавҷудияти иқтибос бе истинод ба сарчашмаи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҳамчун плагиат маҳсуб мешавад.
- Ба чопи такрории дастнависҳо иҷозат дода намешавад. Муаллиф бояд ҳангоми пешниҳоди мақола таъйид намояд, ки он бори аввал нашр мешавад ва ба дигар маҷалла барои чоп пешниҳод нашудааст. Агар унсурҳои алоҳидаи дастнавис пештар чоп шуда бошанд, муаллиф бояд ба таҳқиқоти пештара истинод намояд.
- Зарур аст саҳми ҳамаи олимоне, ки дар анҷом ёфтани таҳқиқот саҳм гузоштаанд, зикр карда шавад ва инчунин ба корҳои илмие, ки ба раванди таҳқиқот таъсир гузоштаанд, истинод сурат гирад.
- Муаллифон ҳангоми нақд ё изҳори назар дар мавриди таҳқиқоти шахсони сеюм бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя кунанд.
- Ба ҳайси ҳаммуаллиф танҳо онҳое метавонанд бошанд, ки дар гузаронидани тадқиқот саҳм гузоштаанд. Масъулияти муҳтавои мақола бар дӯши ҳамаи муаллифони он аст.
- Муаллифон вазифадоранд, ки ба кори ҳайати таҳририя ва муқарризон эҳтиром гузоранд ва камбудиҳои зикршударо ислоҳ кунанд ё онҳоро бо далелҳо шарҳ диҳанд.
- Муаллифон бояд дастнависҳоро мувофиқи қоидаҳои дар маҷалла қабулшуда таҳия ва пешниҳод кунанд.
- Дар сурати пайдо шудани хато ё носаҳеҳии ҷиддӣ дар мақола дар марҳилаи баррасӣ ё баъди интишор, муаллиф вазифадор аст, ки зуд ба идораи маҷалла хабар диҳад.