Тартиби пешниҳод, тақризнависӣ ва нашри мақолаҳои илмии ба идораи маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» пешниҳодшаванда

Идораи маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» нашри мақолаҳоро дар самтҳое, ки дар мавзӯъҳои нашрия нишон дода шудаанд, қабул мекунад. Мақолаҳои аспирантон, унвонҷӯён, ки ба идораи маҷалла ворид мешаванд, дар якҷоягӣ бо тақризҳои роҳбарони илмӣ ё олимон, профессорони риштаи дахлдор қабул карда мешаванд. Қаблан ҳамаи мақолаҳо барои азназаргузаронии ҳайати таҳририя, ки аз мутахассисони соҳаҳои гуногун иборат мебошанд, қабул карда мешаванд. Мақолаҳои қабулшуда бояд тибќи талаботҳои муқаррарнамудаи маҷалла омода карда шаванд. Талабот ба омода кардани мақолаҳо дар торнамои маҷалла ва саҳифаи охирони њар шумораи он ҷой дода мешавад. Ҳангоми мавҷуд будани саҳв дар омодакунии дастнавис, ки бартараф кардани он то додани матн ба тақризнависӣ зарур мебошад, идораи маҷалла ба муаллиф оид ба он хабар медиҳад.

Баъд аз ин ба мақолаҳо ба таври ҳатмӣ аз тарафи ҳайати таҳририя ё мутахассисони риштаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) тақриз навишта мешавад. Ҳамаи муқарризон мутахассисони эътирофгардида вобаста ба мавзӯъҳои мақолаҳо, ки ба онҳо тақриз навишта мешаванд, ба шумор мераванд. Тақризҳо дар нашриёт ва идораи маҷалла дар давоми 5 сол нигоҳ дошта мешаванд.

Тақриз бояд рӯйхати сифатҳои мусбати мавод, аз ҷумла навоварии илмии мушкилот, мубрамияти он, дурустии бойгонӣ, санад ва таърихии он, дақиқияти иқтибосоварӣ, усули хуби баён, истифода бурдани сарчашмаҳои муосир ва инчунин, маводи далелнок ва тавсия барои ҳайати таҳририяро (нашр кардани мавод, нашр кардани мавод баъд аз такмилдиҳӣ, пешниҳод кардани мавод барои гирифтани тақризи иловагӣ ба мутахассиси соҳаи муайян, рад кардан) бояд дар бар гирад. Ҳаҷми тақриз на камтар аз як саҳифа бояд бошад.

Мақолаҳои барои нашр намудан қабулшуда, ки ба такмилдиҳӣ ниёз доранд, ба муаллифон бо қайдҳои муқарриз ва муҳаррир дода мешаванд. Муаллифон бояд ҳамаи ислоҳотро ба варианти ниҳоии дастнавис ворид намоянд ва ба идораи маҷалла матни ислоҳшуда ва инчунин, айнияти варианти электронии онро бо варианти аввалини дастнавис баргардонанд. Баъд аз такмил додани мақола такроран ба он тақриз навишта мешавад ва идораи маҷалла оид ба нашри он қарор қабул мекунад.

Мақола дар сурати мавҷуд будани тақризи мусбат ё агар онро аксарияти аъзои ҳайати таҳририя дастгирӣ кунанд, барои нашр намудан қабулшуда ҳисобида мешавад. Тартиб ва қоидаи нашри мақолаҳо вобаста ба санаи воридшавии варианти ниҳоии он муайян карда мешавад.

Ҳангоми мавҷуд будани қайдҳои муқарриз мақола ба муаллиф барои бартараф кардани камбудиҳо бо ба таври ҳатмӣ мувофиқа намудани он бо ислоҳҳое, ки аз ҷониби идораи маҷалла ворид карда шудаанд, дода мешавад.

Ҳайати таҳририяи нашрия ба муаллифоне, ки маводҳоро пешниҳод кардаанд, нусхаи тақризҳо ё раддияҳои далелнокро пешниҳод мекунанд ва инчунин, барои пешниҳод кардани нусхаи тақризҳо ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия дар ҳолати ворид гардидани чунин дархост ба идораи маҷалла уҳдадор мешаванд. Тақризнависии дастнависҳо ба таври махфӣ амалӣ карда мешавад. Ошкор кардани маълумотҳои махфии дастнависҳо ҳуқуқҳои муаллифро вайрон мекунад. Ба муқарризон нусхабардорӣ кардани дастнависҳо барои эҳтиёҷи худ иҷозат дода намешавад.

Муқарризон ва инчунин, кормандони идораи маҷалла ҳуқуқи истифода бурдани маълумотро, ки дар дастнависҳо маҳфуз аст, то нашр намудани он барои манфиатҳои шахсии худ надоранд.