ДАР БОРАИ МАҶАЛЛАИ «ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ»

Маҷаллаи илмии «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» нашрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», низомномаи маҷалла ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ интишор мешавад. Маҷалла ҳамчун сохтори таркибии донишгоҳ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба коркард ва нашри мақолаҳои илмӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар он натиҷаҳои илмӣ ва илмию методии устодон, докторантон ва аспирантону унвонҷӯёни донишгоҳ, ҳамчунин мақолаҳои муҳаққиқони муассисаҳои мухталифи илмиву таълимии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ба нашр мерасанд.

Маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» соли 1978 таъсис ёфтааст.

Забони нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷалла мувофиқи низомномаи он тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, даврияти интишори маҷалла дар як сол 6 маротиба мебошад. Матни комили шумораҳои гузаштаи маҷалларо аз бахши бойгонии сомона дастрас кардан мумкин аст.

Дар маҷалла мақолаҳо дар соҳаҳои зерини илм барои нашр қабул карда мешаванд:

  • Илмҳои филологӣ
  • Илмҳои таърих

Маҷалла аз соли 2019 бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Ҳамчунин аз соли 2010 маҷалла шомили феҳристи маҷаллаву нашрияҳои илмии тақризшавандае мебошад, ки Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои интишори натиҷаҳои илмии рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тавсия медиҳад.

Нашрия дар пойгоҳи додаҳои «Шохиси илмии истинодии Русия» (РИНЦ) ба қайд гирифта шуда, рақами стандарти байналмилалии нашрияҳои давраӣ (ISSN 2219-5408) дорад.

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, рақами шаҳодатнома №291/МҶ-97 аз 01.05.2023 мебошад.

Индекси обунаи маҷалла дар феҳристи «Почтаи тоҷик» - 77697.